Шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлати омӯзгори Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ

  • Home
  • Tajikistan
  • Dushanbe
  • Шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлати омӯзгори Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ

Шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлати омӯзгори Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ Tajik state pedagogical university of nambed Sadriddin Ayni

11/04/2026
12/03/2026

#МАҚОЛА 🇹🇯 (🇷🇺 🇬🇧 🇨🇳 ⬇️) НАВРӮЗ – ПАЁМИ ЭҲЁИ ЗИНДАГӢ ВА ОМИЛИ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

Наврӯз ҷашни сулҳ, дӯстӣ ва эҳёи суннатҳои неки ниёгон мебошад, ки моро ба қадршиносии арзишҳои миллӣ ва таҳкими ваҳдати ҷомеа раҳнамун месозад. Фазилати дигари Наврӯз ин аст, ки одамон ба истиқболи он бо хушҳолии зиёд омодагӣ мебинанд, кинаву адоватро фаромӯш мекунанд, рӯзи нав ва ҷашни сари солро бо умеди он, ки сол пурфайзу бобаракат ояд, бо дилу нияти пок ва сару либоси тозаву озода пешвоз мегиранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Наврӯз яке аз куҳантарин ва пурмуҳтавотарин ҷашнҳои башарият ба шумор меравад, ки таърихи беш аз шашҳазорсоларо дар бар мегирад. Ин ҷашни бостонӣ аз замонҳои қадим ҳамчун рамзи эҳёи табиат, оғози зиндагии нав ва таҷдиди умеду орзуҳои инсон таҷлил мегардад. Бо фаро расидани баҳор, табиат аз нав зинда мешавад, замин сабз мегардад ва инсон низ бо руҳияи тоза ба зиндагӣ қадам мегузорад. Наврӯз дар фарҳанги мо мардуми тоҷик ҷойгоҳи хос дорад. Ин ҷашн на танҳо анъанаи қадимаи ниёгон, балки рамзи фарҳанг, худшиносӣ ва пайванди наслҳо мебошад. Дар ин рӯз мардум бо орзуҳои нек, дилҳои пок ва нияти ободкорӣ ба пеш менигаранд. Аз ҳамин ҷост, ки Наврӯз ҳамеша ҳамчун ҷашни дӯстӣ, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ қадр мегардад.
Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Наврӯз дар Тоҷикистон мақоми баланд касб кардааст. Имрӯз ин ҷашни бостонӣ на танҳо дар сатҳи миллӣ, балки дар арсаи байналмилалӣ низ бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад. Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар Наврӯз аз ҷониби Созмони милали муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф гардид, ки ин иқдом далели арзиши умумибашарии он мебошад.
Ҷашни Наврӯзро мардумони ориёӣ дар масири таърихи зиёда аз шашҳазорсола бо як ҷаҳон орзу ва таманниёт барои беҳбудии рӯзгор ва сафои бахти сафеду осоиштагӣ таҷлил менамуданд. Воқеан, Наврӯз ҷашни эҳтиром аз ҷойгоҳи табиат ва бузургдошти сайёраи Замин аст, ки баъди карахтии сармои зимистон ба мисли инсон аз хоб бедор мешавад ва андешаи ӯро ба таҳрик меорад. Наврӯз ин набзи сайёраи Замин буда, дар гирди Офтоб як даври пурраи соли астрономиро паси сар мекунад ва дар моҳи фарвардин ба ҷойгоҳи аслии худ бармегардад. Агар ба таърих, оину русум ва ҷашну сурҳои ҷаҳониён бингарем, мушоҳида менамоем, ки аз давраҳои бостонӣ то кунун ҳеҷ ҷашне ба дараҷаи Наврӯз дар байни қавмҳои ориёӣ дар равнақу шукӯҳ набудааст. Дар ҳар давру замон тоҷикон расму оинҳои худро аз насл ба насл интиқол медоданд ва кӯшиш мекарданд, ки бо боварҳои асотирии худ ба неруи бадӣ, яъне аҳриманӣ таъсир расонанд, то дар соли нави оянда дар рӯзгори пур аз шодмонӣ зиндагӣ кунанд. Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҷашни Наврӯз ҳамчун мероси фарҳанги миллӣ ва оини муқаддаси ниёгон мазмуну шукӯҳи тоза пайдо кард. Ин аст, ки ҷашни Наврӯз ҳамасола дар сарзамини биҳиштосои мо дар фазои мубораки истиқлолу ваҳдати миллӣ бо самимияти хосса ва шукргузории том таҷлил мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ борҳо ба аҳамияти таърихӣ ва фарҳангии ҷашни Наврӯз ишора намудаанд. Роҳбари давлат таъкид мекунанд, ки Наврӯз ҷашни покиву созандагӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ мебошад. Чунончи, дар яке аз суханрониҳои худ чунин изҳор доштаанд: «Наврӯз ҳамчун ҷашни ниёгон моро ба дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, меҳнатдӯстӣ ва ободкорӣ ҳидоят менамояд». Ин андешаҳои олӣ гувоҳи медиҳанд, ки Наврӯз танҳо як ҷашни суннатӣ нест, балки мактаби ахлоқӣ ва фарҳангӣ мебошад, ки мардумро ба арзишҳои олии инсонӣ раҳнамун месозад.
Дар замони муосир Наврӯз ба як падидаи муҳими фарҳангӣ ва иҷтимоӣ табдил ёфтааст. Дар арафаи ҷашн мардум хонаҳоро пок мекунанд, дарахт мешинонанд, ба якдигар кумак мерасонанд ва бо рӯҳияи созандагӣ ба истиқболи баҳор мебароянд. Ин анъанаҳо нишон медиҳанд, ки Наврӯз мардумро ба меҳнат, ҳамдилӣ ва ободонии Ватан ташвиқ менамояд. Дар ин маврид чи тавре, ки Президенти кишвар таъкид намудаанд: «Наврӯз ҷашни сулҳ, дӯстӣ ва эҳёи суннатҳои неки ниёгон мебошад, ки моро ба қадршиносии арзишҳои миллӣ ва таҳкими ваҳдати ҷомеа раҳнамун месозад».
Дар ҳақиқат, имрӯз Наврӯз ба ҷашни ҳамбастагии халқҳо табдил ёфтааст. Он рамзи дӯстии миллатҳо ва ҳамзистии фарҳангҳои гуногун мебошад. Мардумони кишварҳои гуногун ин ҷашни бостониро бо эҳтиром ва шодмонӣ таҷлил мекунанд, ки ин худ далели арзиши умумибашарии Наврӯз аст.
Мусаллам аст, ки Наврӯз ҳамчун рукни муҳими худшиносии миллӣ, василаи муҳимми пайвандгари наслҳо, робитаи гузаштаю имрӯза, эҳёи анъанаҳои зебопарастӣ, инсондӯстию берун сохтани кинаҳо, хамдигарбахшӣ ва дӯст доштани марзу буми худ ва баҳори зиндагии пас аз сардиҳову сахтиҳои зимистон, ибтидои умеду орзуҳои нав барои расидан ба саодатмандиву хуррамии рӯҳу қалб мебошад. Бинобар ин Наврӯз самимитарин, муборактарин ва бошукуҳтарин ҷашни қадими ва дӯстдоштанӣ мебошад. Дар ҳама давру замон шоирони чӣ классик ва чӣ муосир мавзуи Наврӯзу Баҳорро бо як маҳорату шавқи хоси шоирона, бо эҳсосоти баланду қалби саршори пур аз шодмониву меҳрафзо васфу тараннум кардаанд.
Бо ҳамин маънӣ, Наврӯз ҷашни умеду орзуҳои нек, ҷашни сулҳу дӯстӣ ва ҷашни зиндагии ҷовидонаи инсон аст.
Хулоса, дар ҷашни Наврўз дар тамоми гӯшаю канори Тоҷикистон дастархони идона ороста, таъомҳои гуногуни миллӣ мепазанд ва хурду бузург хурсандона ин идро ҷашн мегиранд. Ҳамасола рузи 21-уми март ҷашни Наврўз дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон бо як шукуҳи хоса дар сатҳи баланди худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар ин иди бошукӯҳ марди деҳқон нахустин донаҳои зироатро ба замин мепошад ва пирони кор дуо менамоянд, ки ҳосил зиёду фаровон гардад. Бигузор имсол чун ҳамасола дар Тоҷикистони азизамон ҳосили ҳама намуди зироат дучанд афзояд.
Дар интиҳо таманои онро дорам, ки бошад, ки мардуми Тоҷикистон доимо иди Наврӯз, Иди баҳор ва дигар ҷашну идҳоро дар кишварамон дар фазои сулҳу дӯстӣ ва ваҳдату ягонагӣ таҷлил намоянд.

Давлатшо Каримзода - сардори шуъбаи тарбияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

🇷🇺 НАВРУЗ – ПОСЛАНИЕ ВОЗРОЖДЕНИЯ ЖИЗНИ И ФАКТОР УКРЕПЛЕНИЯ НАЦИОНАЛЬНОГО САМОСОЗНАНИЯ

Навруз — это праздник мира, дружбы и возрождения добрых традиций предков, который направляет нас к уважению национальных ценностей и укреплению единства общества. Еще одной особенностью Навруза является то, что люди встречают его с большой радостью: забывают обиды и вражду, готовятся к новому дню и началу нового года с надеждой на то, что наступающий год будет благодатным и изобильным. Люди встречают праздник с чистыми помыслами, добрыми намерениями и в новой, опрятной одежде.
Основатель мира и национального единства — Лидер нации, Президент Республики Таджикистан уважаемый Эмомали Рахмон.
Навруз считается одним из древнейших и наиболее содержательных праздников человечества, история которого насчитывает более шести тысяч лет. Этот древний праздник с давних времен отмечается как символ возрождения природы, начала новой жизни и обновления человеческих надежд и стремлений. С приходом весны природа оживает, земля зеленеет, и человек также вступает в жизнь с обновленным духом.
В культуре нашего народа — таджиков — Навруз занимает особое место. Этот праздник является не только древней традицией предков, но и символом культуры, национального самосознания и связи поколений. В этот день люди смотрят в будущее с добрыми пожеланиями, чистыми сердцами и стремлением к созиданию. Именно поэтому Навруз всегда ценится как праздник дружбы, единства и взаимопонимания.
Благодаря государственной независимости и культурной политике Лидера нации, уважаемого Эмомали Рахмона, Навруз в Таджикистане приобрел высокий статус. Сегодня этот древний праздник отмечается не только на национальном уровне, но и на международной арене с особой торжественностью. По инициативе Президента Республики Таджикистан и ряда других стран Навруз был признан Организацией Объединённых Наций международным праздником, что является свидетельством его общечеловеческой ценности.
Народы арийского происхождения на протяжении более чем шеститысячелетней истории отмечали Навруз с множеством надежд и пожеланий благополучия, счастливой судьбы и спокойной жизни. Действительно, Навруз — это праздник уважения к природе и чествования планеты Земля, которая после зимней стужи, словно человек, пробуждается ото сна и побуждает к размышлениям. Навруз — это словно пульс планеты Земля: завершив полный астрономический годовой круг вокруг Солнца, он возвращается к своей исходной точке в месяце фарвардин.
Если обратиться к истории, традициям и праздникам народов мира, можно заметить, что с древних времен и до наших дней среди арийских народов ни один праздник не достиг такого величия и значимости, как Навруз. Во все времена таджики передавали свои обычаи и традиции из поколения в поколение и стремились своими мифологическими верованиями воздействовать на силы зла — ахриманские силы — чтобы в новом году жить в радости и благополучии.
В период независимости Таджикистана праздник Навруз, как наследие национальной культуры и священная традиция предков, обрел новое содержание и величие. Поэтому ежегодно на нашей благословенной земле Навруз отмечается в атмосфере независимости и национального единства с особой искренностью и благодарностью.
Основатель мира и национального единства — Лидер нации, Президент Республики Таджикистан уважаемый Эмомали Рахмон — в своих выступлениях неоднократно подчеркивал историческое и культурное значение Навруза. Глава государства отмечает, что Навруз является праздником чистоты, созидания и уважения национальных ценностей. Так, в одном из своих выступлений он сказал:
«Навруз, как праздник наших предков, направляет нас к дружбе, взаимопониманию, трудолюбию и созиданию».
Эти высокие мысли свидетельствуют о том, что Навруз — это не просто традиционный праздник, а нравственная и культурная школа, направляющая людей к высшим человеческим ценностям.
В современное время Навруз превратился в важное культурное и социальное явление. Накануне праздника люди очищают свои дома, сажают деревья, помогают друг другу и встречают весну с созидательным настроением. Эти традиции показывают, что Навруз побуждает людей к труду, единству и благоустройству Родины. Как подчеркнул Президент страны:
«Навруз — это праздник мира, дружбы и возрождения добрых традиций предков, который направляет нас к уважению национальных ценностей и укреплению единства общества».
Действительно, сегодня Навруз стал праздником сплоченности народов. Он является символом дружбы наций и мирного сосуществования различных культур. Люди разных стран отмечают этот древний праздник с уважением и радостью, что еще раз подтверждает его общечеловеческую ценность.
Несомненно, Навруз как важный элемент национального самосознания является средством связи поколений, мостом между прошлым и настоящим, возрождением традиций любви к красоте, гуманизма, прощения обид и любви к родной земле. Он символизирует весну жизни после холодов и трудностей зимы, начало новых надежд и стремлений к счастью и душевной радости. Поэтому Навруз является одним из самых искренних, благословенных и величественных древних праздников.
Во все времена поэты — как классические, так и современные — с особым мастерством и вдохновением воспевали тему Навруза и весны, выражая высокие чувства, радость и любовь.
Таким образом, Навруз — это праздник добрых надежд, праздник мира и дружбы, праздник вечной жизни человека.
В заключение следует отметить, что в дни Навруза во всех уголках Таджикистана накрывают праздничные дастарханы, готовят различные национальные блюда, и люди всех возрастов радостно отмечают этот праздник. Ежегодно 21 марта Навруз отмечается по всей стране с особым размахом и на высоком уровне национального самосознания. В этот торжественный день земледелец сеет первые зерна в землю, а старейшины благословляют будущий урожай, желая, чтобы он был богатым и обильным. Пусть и в этом году, как и всегда, в нашем дорогом Таджикистане урожай всех сельскохозяйственных культур увеличится вдвое.
В завершение хочется пожелать, чтобы народ Таджикистана всегда отмечал Навруз, праздник весны и другие торжества в атмосфере мира, дружбы, единства и согласия.

Давлатшо Каримзода - начальник отдела воспитательной работы Таджикского государственного педагогического университета имени Садриддина Айни

🇬🇧 NAVRUZ – A MESSAGE OF THE RENEWAL OF LIFE AND A FACTOR IN STRENGTHENING NATIONAL SELF-AWARENESS

Navruz is a celebration of peace, friendship, and the revival of the noble traditions of our ancestors, guiding us toward appreciation of national values and strengthening the unity of society. Another important feature of Navruz is that people prepare for it with great joy: they forget resentment and hostility, and welcome the new day and the beginning of the new year with hope that the coming year will be prosperous and blessed. People greet the holiday with pure hearts, good intentions, and clean, elegant clothing.
Founder of Peace and National Unity — Leader of the Nation, President of the Republic of Tajikistan, Emomali Rahmon.
Navruz is considered one of the oldest and most meaningful celebrations of humanity, with a history spanning more than six thousand years. Since ancient times, this traditional festival has been celebrated as a symbol of the revival of nature, the beginning of a new life, and the renewal of human hopes and aspirations. With the arrival of spring, nature comes back to life, the earth turns green, and people also step into life with a renewed spirit.
In the culture of the Tajik people, Navruz holds a special place. This celebration is not only an ancient tradition of our ancestors but also a symbol of culture, national identity, and the connection between generations. On this day, people look toward the future with good wishes, pure hearts, and the intention to build and improve their homeland. For this reason, Navruz has always been valued as a celebration of friendship, unity, and mutual understanding.
Thanks to state independence and the cultural policy of the Leader of the Nation, the esteemed President Emomali Rahmon, Navruz has gained a high status in Tajikistan. Today this ancient festival is celebrated not only at the national level but also internationally with great magnificence. On the initiative of the President of the Republic of Tajikistan and several other countries, Navruz was recognized by the United Nations as an international holiday, which is evidence of its universal significance.
For more than six thousand years, A***n peoples have celebrated Navruz with countless hopes and wishes for prosperity, happiness, and peaceful living. Indeed, Navruz is a celebration of respect for nature and reverence for the planet Earth, which, after the cold stillness of winter, awakens like a human being from sleep and inspires new thoughts and energy. Navruz can be seen as the pulse of the Earth, marking the completion of a full astronomical cycle around the Sun and returning to its original point in the month of Farvardin.
Looking at the history, traditions, and celebrations of the peoples of the world, we can observe that from ancient times until today no festival among A***n peoples has achieved the level of splendor and significance of Navruz. Throughout different periods, the Tajik people have passed their customs and traditions from generation to generation and have tried, through mythological beliefs, to influence evil forces so that the coming year would bring joy and prosperity.
During the period of Tajikistan’s independence, the celebration of Navruz, as a cultural heritage and sacred tradition of our ancestors, gained renewed meaning and grandeur. Therefore, every year this holiday is celebrated across our beautiful homeland in an atmosphere of independence and national unity, with sincerity and gratitude.
The Founder of Peace and National Unity — Leader of the Nation, President of the Republic of Tajikistan, Emomali Rahmon — has repeatedly emphasized in his speeches the historical and cultural importance of Navruz. The Head of State highlights that Navruz is a celebration of purity, creativity, and respect for national values. As he once stated:
“Navruz, as the holiday of our ancestors, guides us toward friendship, mutual understanding, diligence, and constructive work.”
These noble ideas demonstrate that Navruz is not merely a traditional holiday but also a moral and cultural school that guides people toward the highest human values.
In modern times, Navruz has become an important cultural and social phenomenon. On the eve of the celebration, people clean their homes, plant trees, help one another, and welcome spring with a spirit of creativity and renewal. These traditions show that Navruz encourages people toward hard work, solidarity, and the development of their homeland. As the President of the country emphasized:
“Navruz is a celebration of peace, friendship, and the revival of the noble traditions of our ancestors, guiding us toward appreciation of national values and strengthening the unity of society.”
Indeed, today Navruz has become a celebration of solidarity among peoples. It is a symbol of friendship among nations and the peaceful coexistence of diverse cultures. People from different countries celebrate this ancient festival with respect and joy, which once again proves its universal significance.
It is clear that Navruz, as an important element of national self-awareness, serves as a bridge between generations, a connection between the past and the present, and a revival of traditions of appreciation for beauty, humanity, forgiveness, and love for one’s homeland. It symbolizes the spring of life after the cold and hardships of winter and marks the beginning of new hopes and aspirations for happiness and spiritual well-being. Therefore, Navruz remains one of the most sincere, blessed, and magnificent ancient celebrations.
Throughout history, poets—both classical and modern—have described Navruz and spring with great skill and poetic enthusiasm, expressing deep emotions, joy, and love.
Thus, Navruz is a celebration of hope and noble aspirations, a celebration of peace and friendship, and a celebration of the eternal life of humanity.
In conclusion, during the days of Navruz throughout Tajikistan, festive tables are prepared, various national dishes are cooked, and people of all ages joyfully celebrate this holiday. Every year on March 21, Navruz is celebrated across all regions of Tajikistan with special splendor and a high level of national awareness. On this festive day, farmers sow the first seeds into the soil, while elders offer prayers for a rich and abundant harvest. May this year, as always, bring a doubled harvest of all crops in our beloved Tajikistan.
Finally, I wish that the people of Tajikistan will always celebrate Navruz, the Festival of Spring, and other holidays in our country in an atmosphere of peace, friendship, unity, and harmony.

Davlatsho Karimzoda- head of the Department of Education Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini

🇨🇳 纳乌鲁兹——生命复苏的信息与加强民族自我认同的重要因素

纳乌鲁兹节是和平、友谊以及祖先优良传统复兴的节日,它引导我们珍视民族价值观并加强社会的团结。纳乌鲁兹的另一特点是,人们以极大的喜悦迎接它:忘却怨恨与敌意,以纯洁的心灵、良好的愿望以及整洁的新衣迎接新的一天和新年的到来,希望新的一年充满福气与丰收。
和平与民族团结的奠基者——塔吉克斯坦共和国总统、民族领袖尊敬的埃莫马利·拉赫蒙。
纳乌鲁兹被认为是人类最古老、最富内涵的节日之一,拥有六千多年的历史。自古以来,这一古老节日被视为大自然复苏、新生活开始以及人类希望与理想更新的象征。随着春天的到来,大自然重新焕发生机,大地变得绿意盎然,人们也以焕然一新的精神步入新的生活。
在塔吉克民族的文化中,纳乌鲁兹占据着特殊的地位。这个节日不仅是祖先流传下来的古老传统,也是文化、民族认同以及代际联系的象征。在这一天,人们怀着美好的祝愿、纯洁的心灵和建设家园的愿望展望未来。因此,纳乌鲁兹一直被视为友谊、团结与相互理解的节日。
由于国家独立以及民族领袖、塔吉克斯坦共和国总统埃莫马利·拉赫蒙推动的文化政策,纳乌鲁兹在塔吉克斯坦获得了崇高的地位。如今,这一古老节日不仅在国家层面庆祝,也在国际舞台上隆重举行。在塔吉克斯坦总统以及多个国家的倡议下,联合国将纳乌鲁兹认定为国际节日,这充分证明了它的普世价值。
六千多年来,雅利安民族在历史长河中以无限的希望和祝愿庆祝纳乌鲁兹,希望生活更加美好、幸福安宁。事实上,纳乌鲁兹是对大自然的尊重与对地球的赞颂。经历冬季的严寒之后,大地如同人类一般从沉睡中苏醒,激发新的思想与活力。纳乌鲁兹仿佛是地球的脉搏,在围绕太阳完成一个完整的天文年周期后,于法尔瓦丁月回到新的起点。
回顾世界各民族的历史、传统和节日可以发现,从古至今,在雅利安民族之中,没有任何节日能够像纳乌鲁兹那样辉煌与盛大。在不同历史时期,塔吉克人民都将自己的传统和习俗代代相传,并通过神话信仰希望驱散邪恶力量,使新的一年充满欢乐与幸福。
在塔吉克斯坦独立时期,纳乌鲁兹作为民族文化遗产和祖先神圣传统,获得了新的内涵与光彩。因此,每年在我们这片美丽的土地上,人们都在国家独立和民族团结的氛围中,以真诚和感恩之心庆祝这一节日。
和平与民族团结的奠基者、民族领袖、塔吉克斯坦共和国总统埃莫马利·拉赫蒙在多次讲话中强调纳乌鲁兹的历史和文化意义。国家领导人指出,纳乌鲁兹是纯洁、创造和尊重民族价值的节日。他曾说过:
“纳乌鲁兹作为祖先的节日,引导我们走向友谊、相互理解、勤劳与建设。”
这些崇高的思想表明,纳乌鲁兹不仅仅是一个传统节日,更是一所道德与文化的学校,引导人们走向崇高的人类价值。
在现代社会,纳乌鲁兹已经成为重要的文化和社会现象。节日前夕,人们打扫房屋、种植树木、互相帮助,并以创造与建设的精神迎接春天。这些传统表明,纳乌鲁兹鼓励人们勤劳、团结并建设自己的祖国。正如国家总统所强调的:
“纳乌鲁兹是和平、友谊以及祖先优良传统复兴的节日,它引导我们珍视民族价值并加强社会团结。”
事实上,如今纳乌鲁兹已经成为各民族团结的节日。它象征着民族之间的友谊和不同文化之间的和谐共存。世界各国人民都怀着尊重与喜悦庆祝这一古老节日,这再次证明了纳乌鲁兹的普世价值。
毫无疑问,纳乌鲁兹作为民族自我认同的重要组成部分,是连接各代人的纽带,是过去与现在之间的桥梁,也是美学传统、人道精神、宽恕与热爱祖国精神的复兴。它象征着在冬季寒冷和艰难之后生命的春天,并标志着通往幸福与心灵愉悦的新希望与新理想的开始。因此,纳乌鲁兹一直是最真诚、最神圣、最壮丽、最受喜爱的古老节日之一。
在各个时代,古典和现代诗人都以高超的艺术技巧和充满激情的诗意赞美纳乌鲁兹和春天,表达喜悦、希望和爱。
因此,纳乌鲁兹是希望与美好愿望的节日,是和平与友谊的节日,也是人类永恒生命的节日。
总之,在纳乌鲁兹节期间,塔吉克斯坦各地都会摆上节日餐桌,准备各种民族美食,男女老少都欢欣地庆祝这一节日。每年3月21日,纳乌鲁兹在塔吉克斯坦各地以盛大的形式庆祝,体现出高度的民族意识和文化自觉。在这个盛大的节日里,农民把第一批种子播撒到土地上,长者则祈祷来年丰收。愿今年也像往年一样,我们亲爱的塔吉克斯坦各种农作物都获得更加丰盛的收成。
最后,我衷心祝愿塔吉克斯坦人民能够在和平、友谊、团结与和谐的氛围中庆祝纳乌鲁兹、春天节以及我国的其他节日。

达夫拉特绍·卡里姆佐达 塔吉克斯坦国立师范大学(萨德里丁·艾尼命名)教育工作部主任。

02/03/2026

#МАҚОЛА МОДАР ЧАРОҒЕСТ ҲАМЕША РАВШАН ВА УМЕДЕСТ ҲАМЕШАБАҲОР

“Модар сароғози ҳастии башар, офаранда ва идомабахши ҳаёти инсоният мебошад. Замири ӯ аз меҳру муҳаббат ва лутфу меҳрубонӣ сиришта шудааст, ки ин хислатҳои наҷиб Модарро мавҷуди бузургу муқаддаси тамоми давру замонҳо гардондаанд”.
Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Очаҷон…
Имрӯз мехоҳам бо Шумо суҳбат кунам. На ҳамчун фарзанди саргарми рӯзгор, балки ҳамчун кӯдаке, ки ҳанӯз ҳам дар оғӯши ту оромӣ меҷӯяд.
Очаҷон, ёд дорӣ он шабҳоро, ки бо таби баланд месӯхтаму ту то саҳар болои сарам менишастӣ? Чашмонат аз бехобӣ сурх мешуд, вале лабонат дуо мехонд. Ман хоб будам, аммо ту бо Худо роз мегуфтӣ, то дардам сабук шавад. Он вақт намедонистам, ки дар пушти ҳар нафаси осудаи ман, садҳо нафаси пуризтироби ту нуҳуфтааст.
Модар, ёд дорӣ чӣ гуна қадамҳои аввалини маро бо ашки шодӣ пешвоз гирифтӣ? Вақте афтидам, пеш аз он ки дардро ҳис кунам, ту маро ба оғӯш гирифтӣ. Гӯё тамоми дардҳои ҷаҳон бояд аввал аз дили ту мегузаштанд, баъд ба ман мерасиданд.
Ту ҳамеша чароғ будӣ – чароғе, ки худро месӯзонд, то роҳи маро равшан кунад. Ҳар гоҳ торикӣ ба зиндагиям соя меафканд, нури дуои ту маро раҳнамоӣ мекард. Чанд бор дар зиндагӣ шикаст хӯрдам, аммо ҳар бор сухани оромат - «фарзандам, ноумед нашав» - маро дубора ба по хезонд.
Очаҷон, ман шояд дер фаҳмидам, ки чӣ қадар бузургӣ дар хомӯшии Шумо нуҳуфта будааст. Ту аз хастагиат чизе намегуфтӣ. Аз орзуҳое, ки барои ман қурбон кардӣ, ҳарф намезадӣ. Танҳо механдидӣ… Он табассуме, ки имрӯз мефаҳмам пушти он чӣ қадар ранҷ пинҳон буд.
Очаҷон муҳаббати ту ба баҳр мемонад - амиқ, ором ва беканор. Вақте ҷаҳон маро нафаҳмид, ту фаҳмидӣ. Вақте дигарон айб ҷустанд, ту дуо кардӣ. Вақте ман дур шудам, ту боз ҳам наздик мондӣ - бо дил, бо дуо, бо умед.
Калимаи Модар чунон муқаддас аст, ки ҳар гоҳ ба забон меояд, дил меларзад, чашм нам мегирад ва руҳ ором мешавад. Модар нахустин нафаси муҳаббат, аввалин паноҳи амният ва гармтарин оғӯши зиндагист. Ӯ чароғест, ки ҳатто дар сахттарин тӯфонҳои рӯзгор хомӯш намешавад.
Аз лаҳзае ки тифл чашм ба олам мекушояд, пеш аз ҳама симои модарро мебинад. Оғӯши ӯ аввалин биҳишт аст, садояш аввалин суруди оромиш. Ӯ шабҳоро бедор мемонад, то фарзандаш бо осудагӣ бихобад. Ӯ дардро ба дил мегирад, то фарзандаш дардро эҳсос накунад. Ҳар табассуми фарзанд барои модар ҷаҳонист, ҳар ашкаш оташе дар дил.
Муҳаббати модар ба баҳр мемонад - беинтиҳо ва беканор. Ӯ барои мо аз орзуҳои ҷавониаш мегузарад, аз роҳати худ даст мекашад, то мо роҳат бошем. Вақте ки мо меафтем, аввалин дасте ки моро бармедорад, дасти модар аст. Вақте ки ҷаҳон бар мо танг мешавад, аввалин паноҳ - дуои модар аст.
Чанд бор шудааст, ки мо беандеша сухане гуфтаем, вале модар хомӯшона бахшидааст? Чанд бор ранҷе кашидааст, вале танҳо табассум кардааст? Дили модар макони сабру таҳаммул ва бахшоиш аст. Ӯ ранҷро пинҳон мекунад, то шодии мо ошкор бошад. Модар мактаби аввалини инсон аст. Аз ӯ меҳрубонӣ меомӯзем, аз ӯ ростқавлӣ, аз ӯ инсоният. Агар ҷомеа мехоҳад ором, боадолат ва солим бошад, бояд домони модарро гиромӣ дорад. Зеро фарзандони боахлоқ ва ватандӯст аз оғӯши модар ба воя мерасанд. Чароғе ки модар меафрӯзад, танҳо хонаи худро не, балки ҷомеаро равшан мекунад. Модар баҳори ҳамешагии ҷомеа аст. Чунон, ки баҳор заминро сабз мегардонад, модар дилҳоро сабз ва умедвор месозад. Агар дар хона меҳри модар бошад, он хона саршор аз нур аст. Агар дар ҷомеа эҳтироми модар бошад, он ҷомеа сарбаланд ва устувор хоҳад буд.
Мо ҳамагон хуб медонем, ки Модар қиматтарин неъмати рӯи дунё, сарчашмаи муҳабатти беканор, чашмаи мусаффо ва маҳзани ганҷи фарзанд, ҳимматбаландтарин шахси башарият аст. Модар, чӣ калимаи муққадас аст. Ҳар як инсон аз модар ба дунё меояд. Модар ҳар як фарзанди худро бо меҳри беандозаву муҳаббати бепоён ба воя мерасонад. Меҳру муҳаббати модар нисбат ба фарзанд бемисл аст. Модар фарзандашро ҳанӯз дар вақти дар батнаш будан дӯст медорад, эҳтиёт мекунад. Тамоми фикру зикраш барои сиҳату саломат тифлашро ба даст гирифтан аст. Барои фарзандаш тайёр аст, ки ҳатто ҷони худро фидо кунад. Мо фарзандон ҳам бояд ба қадри модар бирасем. Ӯро дӯст дорем, меҳрубон бошем. Зеро, ки дунё бе меҳру муҳаббати модар, бе ҳастии модар ҳеҷ аст. Ҳастии модар барои ҳар як шахс бахти бузургест, домони модар биҳишти воқеии ҳар як инсон аст. Аз ҳама шахси бахшоянда, дуогӯ, меҳрубон, мушфиқ, ғамхор, дӯстдорандаи фарзанд танҳо модар аст. Маҳз меҳри бепоён ва навозиши гарми модар моро ба оламу одам ошно сохтааст. Заҳмати шабонарӯзӣ, бедорхобӣ пурбардории ӯ танҳо ба худаш хос буда, касро ба ҳайрат меорад. Мо канори модар бо олами рангини кӯдакӣ ба воя мерасему аз ӯ дарси одамгарию ватан дӯстиро меомӯзем. Канори модар худ биҳишти аввалини ҳаёти мост. Ба зери болини кӯдак гузоштани китоб ё муқадасоти дигар, рамзи худро дорад. Модар мехоҳад, ки тифлаш бе нуқс сабзида, мададгори даврони пирӣ гардад. Инсон баъд аз раҳо гаштан аз оғӯши гарми модар қимати ӯро дарк мекунад. Зеро мисли канори модар биҳиштосо маони дигаре нест. Модар дар ҳама ҳолат чӣ ҳозиру ғоиб пайваста дар ёди фарзанд аст. Оромиву сиҳатӣ ва хушгуфтории фарзандро дида меболад. Аҷаб дунёи рангину зебо дорад, канори модар. Бузургии зан - модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбияткунанда ва бакамолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад. Рисолати аслии зани тоҷик сабурии ӯст. Оре, давлати фазанд модар аст. Образи ин шахсияти нотакрор дар адабиёт мақоми хоса дорад. Шоирону адибони олам симои воқеии ӯро бо сухан нишон дода, номашро то Моҳ баровардаанд. Модар ба чунин қадрдонӣ сазовор аст. Зиндагӣ худ шеър аст, ки ба аллаи модар ибтидо гирифта, бо номи он хотима меёбад. Анна ҳамин бузургию шаҳомати ӯро ба назар гирифта модарро тимсоли Ватан медонанд. Ҳар фарзанде, ки қимати модарро донад, бо дуояш хушбахту шуҳратёр мегардад. Дасти дуои модар калиди дари хушбахтии мо фарзандон мебошад.
Донистани қадру қимати зан-модар ва бузургдошти рисолати ӯ қарзи ҳар фарди баору номус аст. Аз нақши бузурги зан дар саҳнаи зиндагӣ на танҳо адибону шоирону файласуфон ёд кардаанд, балки онҳое, ки саҳнаи набардҳои азимеро тарҳрезӣ мекарданду барои кишваркушоӣ кӯшиш мекарданд, саранҷом аз бузургии зан-модар ёд карда, пеши азамати ӯ сари таъзим фуруд овардаанд. Дар хонадоне, ки аз меҳру навозиш ва файзу нусрати зан баҳравар нестанд, он ҷо баракат нест. Охир, беҳуда нагуфтаанд: «Саодати зиндагӣ дар калимаи зан нуҳуфтааст». Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз инсонро дар лобалои ҳама тазодҳои зиндагӣ ба фазлу муҳаббат мисли модар ҳидоят карда наметавонад. Ва ба ҳамин маънӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар васфи зан-модар суханронӣ кардаанд: «Ҷомеае, ки ба зан-модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба модар ин сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсон бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад».
Оре, модар беҳтарин армон, азизтарин ҳастӣ, муқаддастарин мӯъҷиза ва арзандатарин сарватест, ки ҳамагонро ҳаёт бахшидааст. Маҳз ҳамин таҷрибаҳоро омӯхта, дар бунёди ҷомеаи демократии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба мақому маърифати зан таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир карда мешавад. Ба ин хотир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳо ва Паёмҳои ҳарсолаашон ба масъалаи баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа диққати махсус дода мешавад. Зиёдтар ҷалб кардани бонувон ба кор дар муассисаҳои тиббӣ ва хидматӣ давлатӣ, соҳибкорӣ, маориф пурманфиат арзёбӣ мешаванд.
Натиҷаи ғамхориву дастгирии давлат ва Ҳукумат аст, ки ҳоло Тоҷикистон, бино ба эътирофи коршиносон, аз лиҳози шумораи намояндагони занону духтарон дар ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекунад. Имрӯз модари тоҷик баробари иҷрои рисолати аслии хеш, яъне тарбияи насли ояндасоз, инчунин, сиёсатмадору олим, омӯзгору табиб, ҳунарманду варзишгар, соҳибкори муваффақу коршинос буда, дар рушди ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, яъне барои ободии кишвар саҳми басе арзишманд мегузорад. Бешак, дили тавонои модар муҳаббатро мепарварад, руҳафтодагону дилшикастагонро умед мебахшад, ба ҳар кадоми мо боли парвоз ва неруи зиндагӣ ато мекунад. Сарчашма ва сароғози ҳар кори бузург зан - модар аст. Зан ҳам дар мақоми баланди модар ё ҳамсар, ҳам ба сифати хоҳар ё фарзанд тимсоли малоҳати ҳусн, қалби гарм, латофату эҳсоси наҷиб ва наҷобату рафтори намунавӣ мебошад. Зан нерӯи тавоноест, ки метавонад ҷомеаро қувват бахшад. Тамоми ҳастии инсонҳо ба зан вобастааст. Зан бо қалбу идроки пурэҳсоси худ метавонад, саҳмгузори тамоми мушкилоти рӯзгор гардад. Ҳамин тариқ, зан боиси хушбахтии одамон, василаи пойдории ҳаёт ва чароғи хонадони мост. Зан офтобест, ки оламро бо ҷамоли худ зебо мегардонад, оташест, ки дилҳоро ба зиндагӣ гарм мекунад. Агар ба таърих назар намоем, хоҳем дид, ки зан ҳамчун модар, ҳамчун қаҳрамон, ҳамчун суханвар ва ҳамчун бунёдкор чӣ хизматҳои бузурге барои башарият кардааст.
Аз ин гуфтаҳо бар меояд, ки Модар бузургтарин ва муқаддастарин мавҷудоти олам аст. Ба ифодаи дигар баён намоем модар фазилатгари зиндагӣ ва хуршеди хонадон аст. Ин аст, ки мо инсонҳо бо тамоми меҳру муҳаббат вожаи модарро рӯйи забон меорем. Модар, бузургтарин ва ноёбтарин шахс аст дар олами пур аз шодиву ғаму андӯҳ. Чи зебост вожаи модар, агар ки тамоми ҳаёт онро тасвиру иншо намоем ба итмом намерасад, чун ба монанди меҳру муҳаббати бепоёнаш. Модару падар ҳидоятгари зиндагӣ ва роҳнамову омӯзгори ҳаёти ширин мебошанд, чунки ин ду вожаи муқаддас ва гаронмоя барои ҳар яки мо инсонҳо ганҷи нодиру ноёб аст. Зиҳӣ, модар, бо чунин қудрату матонат, эҳсону ҷасорат ва меҳру садоқати беканор, ки бузургони олам пешат сар фуруд меоранд.
Хулоса, азизон, биёед то дер нашудааст, қадри модарро бидонем. Дасташро бӯсем, сухани нарм гӯем, дилашро наранҷонем. Зеро рӯзе мерасад, ки мехоҳем як бор дигар «фарзандам» гуфтанашро бишнавем, вале дигар имкон нест.
Очаҷонам то он вақте ҷон дар бадан дорам, ман Шуморо дӯст медорам.

Давлатшо Каримзода - сардори шуъбаи тарбияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Address

Рудакӣ
Dushanbe
734001

Telephone

+992555556747

Website

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлати омӯзгори Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Contact The Practice

Send a message to Шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлати омӯзгори Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ:

Share