Национальный Диагностический Лечебно-Учебный Центр

  • Home
  • Tajikistan
  • Dushanbe
  • Национальный Диагностический Лечебно-Учебный Центр

Национальный Диагностический Лечебно-Учебный Центр Национальный Диагностический Лечебно-Учебный Центр

Национальный Диагностический Лечебно-Учебный центр является одним из ведущих медицинских учреждений уже не первый десяток лет. Главный принцип функционирования центра- здоровье пациента превыше всего. На страже вашего отличного самочувствия трудятся ведущие медицинские работники.

Мы-учреждение, которое не нуждается в рекламе. Ежедневно к нам обращаются сотни пациентов со всей республики с самыми

различными проблемами здоровья. В нашем арсенале опытные специалисты высших категорий, готовые оказать медицинскую помощь. Диагностический центр специализируется на :
-лабораторных исследованиях;
-диагностике заболевания;
-лечебно-консультативной помощи.

12/04/2026
06/04/2026
Иштироки кормандон ва мутахасисони Марказ дар чорабинии 6-уми апрели соли равон, ки дар доираи аксияи ҷумҳуриявии “Ҳафта...
06/04/2026

Иштироки кормандон ва мутахасисони Марказ дар чорабинии 6-уми апрели соли равон, ки дар доираи аксияи ҷумҳуриявии “Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон” ва “Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ” таҳти унвони «Якҷоя ба суи саломатӣ. Якҷоя ба суи илм” дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнторологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шаҳрвандони мамлакат ба хизматрасонии тибби ройгон фаро гирифта шуданд.

Дар оғоз роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, телевизон ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикон оид ба рушд ва дигар иштирокчиён аз намоишгоҳ ва рафти химзатрасонии тиббии ройгон дидан карданд.

Ҳамин тавр, чорабинии мазкур имрӯз дар сатҳи ҷумҳуриявӣ дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнторологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гашта, дар доираи он шаҳрвандон аз ҷониби мутахассисону сармутахассисони соҳавӣ ва бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосир ба ташхису муоина ва машварати ройгон фаро гирифта шуданд.

Ёдовар мешавем, ки чорабинии мазкур дар тамоми муассисаҳои табобатию пешгирии шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ санаи 07-уми апрели соли равон аз соати 8:00 оғоз мегардад.

Инчунин, санаи 8 апрел соати 8:00 дар тамоми муассисаҳои тандурустии ВМКБ чорабинии мазкур баргузор хоҳад шуд.

ТАНДУРУСТӢ: ИШТИРОК ДАР МАШҚИ ПАГОҲИРӮЗӢ Субҳи имрӯз, 4 апрели соли 2026 дар Боғи «Устод Рӯдакӣ» машқҳои оммавии пагоҳир...
04/04/2026

ТАНДУРУСТӢ: ИШТИРОК ДАР МАШҚИ ПАГОҲИРӮЗӢ

Субҳи имрӯз, 4 апрели соли 2026 дар Боғи «Устод Рӯдакӣ» машқҳои оммавии пагоҳирӯзӣ баргузор гардид, ки дар он кормандони Муассисаи давлатии "Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шифобахш», Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази миллии ташхису табобат ва таълимӣ», Муассисаи давлатии "Маркази миллии солимии репродуктивӣ", Муассисаи давлатии «Маркази мониторинг пешгирии нашъамандӣ», Муассисаи давлатии "Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина" ва Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Машқҳои пагоҳирӯзӣ дар доираи тадбирҳои тарғиби тарзи ҳаёти солим баргузор шуд.

03/04/2026
22/03/2026
22/03/2026

ТАБРИКОТИ ВАЗИРИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҶАМОЛИДДИН АБДУЛЛОЗОДА МУНОСИБАТИ НАВРӮЗИ ОЛАМАФРӮЗ

Бо камоли эҳтиром ва самимияти хоса кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва кули ҳамватанони азизро ба муносибати ҷашни зебои Наврӯзи оламафрӯз табрику шодбош намуда, ба хонадони ҳар кадоми онҳо пеш аз ҳама файзу баракат, хушбахтиву саодатмандии бепоён ва меҳру садоқати ҷовидонаро таманно менамоям.

Маҳз натиҷаи сиёсати оқилонаву дурандешона ва фарҳангпарваронаи Сарвари хирадсолор ва фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар Ватани зебоманзари мо чунин чорабиниҳои бошукӯҳ бо иштироки тамоми қишрҳои ҷомеа бо руҳияи баланди шодмонӣ таҷлил карда мешаванд.

Ҷашни Наврӯз барои мо – тоҷикон, ки меросбарони мустақими тамаддуни бостонии ориёӣ мебошем, аз қадим то имрӯз як падидаи бисёр қавии ҳувиятсоз, яке аз рукнҳои муҳимми худшиносиву худогоҳӣ, унсури ҷудоинопазири фарҳанги миллӣ ва ҷузъи барҷастаи ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносӣ ба шумор меравад.

Дар ҳақиқат, мантиқу фалсафа ва моҳияту ҳикмати Наврӯз аз донишу хирад, меҳру муҳаббат, сулҳу субот ва шодиву нишот иборат буда, дар тӯли ҳазорсолаҳо барои мардуми мо ҳамчун омили ҳастисозу муттаҳидкунанда хизмат кардааст.

Зеро ин ҷашн ба қалби хурду бузург суруру шодӣ мебахшад, тамоми афроди ҷомеаро сарҷамъ месозад ва кулли мардумро ба дӯстиву самимият ва меҳру муҳаббати инсонӣ нисбат ба ҳамдигар фаро мехонад.

Маҳз бо ҳамин сабаб ин падидаи асили фарҳангӣ ҳаргиз куҳнашавиро намепазирад ва дар ҳама давру замонҳо ҳамқадаму ҳамқисмати мардуми башар боқӣ мемонад.

Мусаллам аст, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ маҳз бо кушишу талош ва иқдомҳои фарҳангпарваронаи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри азнав зинда кардани иду ҷашнҳои миллии ниёгонамон тадбирҳои зарурӣ руи кор гирифта шуданд.

Ҳамагон шоҳидем, ки бо иқдому ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷонибдорӣ аз тарафи роҳбарияти давлатҳои ҳавзаи Наврӯз санаи 19 феврали соли2010 қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул шуд, ки дар он 21 -уми март таҷлили Ҷашни Наврӯз ба унвони ҷашни байналмилалӣ эътироф гардид.

Дар ҳақиқат ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ чунин тадбирандешӣ баҳри эҳёи таърихии Иди Наврӯз ва таҷлили минбаъдаи ин суннати фарҳанги маънавӣ барои миллати тоҷик фахри бузург мебошад.

Бинобар ин, таҳқиқ ва эҳё намудани ойину анъанаҳои бостонии ҷашни Наврӯз ва бузургдошти сатҳи баланди он ҳамчун арзиши бебаҳо барои меросбарони ояндаи миллати мо бояд вазифаи муқаддас бошад.

Наслҳои мо бояд аз таърихи хеш огоҳӣ пайдо намоянд ва ҳамеша расму оинҳои миллии қадимаи аҷдодиамонро нигоҳдор бошанд. Чунки тамоми оинҳои Наврӯзӣ сарчашмаи бузурги ахлоқию тарбиявианд ва метавонанд наслҳоро ба покии зоҳиру ботин, садоқату вафодорӣ, бунёдкориву созандагӣ ва зебоипарастӣ ҳидоят намоянд.

Дар ин лаҳзаҳои идона бори дигар ҳамаи ҳамватанони гиромиро ба ифтихори ҷашни фархундаи Наврӯзи оламафрӯз аз самими қалб табрику шодбош гуфта, барояшон рӯзгори пурсаодат, умри дарози бобаракат ва ба Тоҷикистони биҳиштосоямон осмони софу беғуборро таманно менамоям.

Address

Дехоти 48
Dushanbe
734005

Opening Hours

Monday 08:00 - 17:00
Tuesday 08:00 - 17:00
Wednesday 08:00 - 17:00
Thursday 08:00 - 17:00
Friday 07:00 - 17:00

Telephone

+992446005167

Website

Alerts

Be the first to know and let us send you an email when Национальный Диагностический Лечебно-Учебный Центр posts news and promotions. Your email address will not be used for any other purpose, and you can unsubscribe at any time.

Share