05/03/2026
МЕТОДОЛОГИЯИ РУШДИ МУТТАСИЛИ КАСБИИ ОМӮЗГОРОН:
ЧӢ ГУНА ДАРСРО ТАҲЛИЛ МЕКУНЕМ?
Рушди соҳаи маорифи кишвар дар замони Истиқлоли давлатӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида истодааст. Дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот мушоҳида мешавад, ки дастовардҳои шоён ва дараҷаи касбияти омӯзгорон беш аз пеш боло рафта истодааст. Ин ҳама муваффақият ва рушди соҳаи маориф, ки афзалиятарин ва калидӣ эътироф гардидааст, аз дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Шоҳиди онем, ки рӯз ба рӯз таваҷҷуҳи Пешвои маҳбуби миллат ба соҳаи маориф зиёд гардида, дар ин самт ба дастовардҳои бузург ноил гардида истодаем.
Дар робита ба ин, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои зертобеи он тавонистаанд сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар амал татбиқ намояд. Тайи даҳсолаи охир навгониҳои соҳаи маориф бо назардошти омода намудани мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ дар соҳаи маорифи кишвар таҳаввулоти гуногун ҷорӣ гардида истодааст, ки ин аз пешрафти соҳаи маорифи кишвар шаҳодат медиҳад. Пеш аз ҳама, ҷалби кӯдаконе, ки ба таҳсилоти фарогир дохил мешаванд, рушди касбияти омӯзгорони марказҳои инкишофи кудак ва мураббиёни муассисаҳои томактабӣ, ҷорӣ гардидани низоми муносибати босалоҳият ба таълим, арзёбӣ ба дониш, малака ва маҳорати хонандагон ба воситаи баҳогузории 10 хола, натиҷагирӣ намудани салоҳиятҳои асосии хонандагон тариқи арзёбии байналмилалии PISA, таҳия ва ҷорӣ гардидани китобҳои дарсии насли нав дар асоси талаботи муносибати босалоҳият ба таълим, тақвият ва рушди салоҳиятҳои асри XXI дар бахши илм, технология, муҳандисӣ ва риёзӣ (STEM) дар самти илмҳои дақиқ, тарзи тафаккури таҳлилӣ, ҳаллу фасли масъалаҳо ва истифодаи дониш дар амал, инчунин, рушди салоҳиятҳои асосӣ, аз ҷумла тафаккури интиқодӣ, эҷодкорӣ, ҳамкорӣ ва муошират нигаронида шудааст, амалӣ гардида истодаанд. Ин ва дигар масъалаҳо метавонанд барои муаррифии соҳаи маорифи кишвар дар сатҳи баланди ҷаҳонӣ заминаи устувор фароҳам оваранд.
Яке аз воситаҳои муҳим ва калидӣ, ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардидани сифати таҳсилот ва азхудкунии барномаҳои таълимӣ дар хонандагони муассисаҳои таълимӣ маҳсуб меёбад, ки аз рушди маҳорати касбии омӯзгорон сарчашма мегирад. Омӯзгор аз рӯзҳои аввали фаъолияти касбии худ ба ҷомеаи касбии муассиса фаъолона ҳамроҳ гардида, дар кори иттиҳодияи методӣ, шурои методӣ ва шурои педагогӣ иштирок менамояд. Тавассути ҳамкории касбӣ, мубодилаи таҷриба ва иштироки мунтазам дар фаъолияти методӣ, омӯзгор салоҳиятҳои касбӣ, фарҳангӣ, педагогӣ ва маҳорати истифодаи технологияҳои муосири таълимро пайваста такмил медиҳад.
Ҳамзамон, роҳбари иттиҳодияи методӣ (минбаъд-РИМ) ба омӯзгор як омӯзгори собиқадорро ҳамчун роҳнамо вобаста намуда, ҷиҳати дастгирии касбӣ ва фароҳам овардани шароит барои табодули таҷрибаи пешқадами педагогӣ мусоидат менамояд. Барои омӯзгори босалоҳиятро омода намудан, воситаҳои гуногуни рушд лозим аст, аз ҷумла вобаста намудан ба омӯзгорони собиқадор, иштирок ба дарси омӯзгорон, натиҷагирӣ намудани нуктаи назари омӯзгорон оид ба фаъолияти ӯ, ба курсу семинарҳо равон намудан, натиҷаи бадастомадаи раванди таълим давоми сол ва монанди инҳо ба ҳисоб меравад. Дар баробари ин, омӯзгорон, РИМ, раиси шурои методӣ, директори муассиса, мушовирони шуъбаҳои маориф ва бахшу раёсатҳо метавонанд ба дарси омӯзгорон ворид шуда, ниёзи онҳоро муайян ва кумаки методӣ расонанд.
Бояд махсус қайд намуд, ки на ҳамаи таҳлили дарси шахсони масъул ба рушди маҳорати касбии омӯзгорон мусоидат мекунад, чунки ниёзи омӯзгоронро хуб муайян карда наметавонанд. Дар асоси ниёзи омӯзгор тавсияи методӣ додани роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ ва дигар шахсони масъул намунаи волои масъулияти пешаи омӯзгорӣ маҳсуб меёбад.
Амалӣ гардидани принсипҳои муносибати босалоҳият ба таълим аз соли 2015 инҷониб дар муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби омӯзгорон истифода мешавад, аммо воситаҳои арзёбӣ ва таҳлили дарси омӯзгорон ҳанӯз ҳам ба ин меъёрҳо то андозае ба роҳ монда нашудааст.
Занҷираи мантиқан пайвастаи амалҳои мақсаднок, ки дар МРМКО пешбинӣ шудаанд, заминаи асосии ҳамкории судманд ва рушди касбии омӯзгорро ташкил медиҳанд. Ин амалҳо ба таври пайдарпай ва марҳилавӣ амалӣ гардида, дар асоси фалсафаи муносибати босалоҳият ба таълим ба рушди пайвастаи салоҳиятҳои касбии омӯзгор мусоидат менамоянд. Ба ин занҷираи амалҳо марҳилаҳои асосӣ, аз қабили ташхис, банақшагирӣ, татбиқ (истифодабарӣ) ва бознигарӣ дохил мешаванд.
Методологияи мазкур хеле дақиқ ва мувофиқи талаботи муосири таълим таҳия гардида, аз воситаҳои гуногуни арзёбиҳо иборат аст. Яъне, вазифаи асосии мушовири шуъбаи маориф, муовини директор оид ба таълим, РИМ ва омӯзгорон ин дастгирии пайвастаи омӯзгорон буда, бо роҳҳои гуногун аз ҷумла мушоҳида, суҳбат, анкета ва ташкил намудани семинарҳои омӯзишӣ ва методӣ ба роҳ монда мешавад.
Самти дигари муҳими омӯзиши МРМКО муайян намудани ҷанбаҳо ва вазифаҳои дарс мебошад. Яъне, мушаххас сохтани мақсад ва натиҷаҳои интизории фаъолияти омӯзгор дар ҷараёни таълим маҳсуб меёбад. Дар ин замина, ҳангоми иштирок ва мушоҳидаи дарси омӯзгор, варақаи таҳлили дарс (минбаъд - васоил) таҳия ва истифода мешавад, ки он ҳамчун васоили арзёбӣ ва дастгирии рушди касбии омӯзгор хизмат менамояд.
Дар доираи методологияи рушди муттасили касбии омӯзгор, васоили таҳлили дарс ҳамчун абзори низомманд барои ташхис, дастгирӣ ва пешбурди рушди касбӣ истифода мегардад. Ҳадафи асосии ин васоил на танҳо мушоҳидаи раванди дарс, балки муайян намудани сатҳи ташаккули салоҳиятҳои касбии омӯзгор ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди минбаъдаи ӯ мебошад.
Мувофиқи ин методология, фаъолияти омӯзгор дар дарс ҳамчун низоми ҳамгиро аз чанд ҷанбаи ба ҳам алоқаманд, аз ҷумла банақшагирии натиҷамеҳвари таълим, интихоби усул ва шаклҳои самараноки таълим, ташкили муҳити фаъоли омӯзиш, истифодаи мақсадноки маводи таълимӣ ва татбиқи арзёбии ташаккулдиҳанда баррасӣ мешавад. Воситаи таҳлили дарс имкон фароҳам меорад, ки вобаста ба ҳадафи муайяни рушди касбӣ, як ё якчанд аз ин ҷанбаҳо ба таври мақсаднок мушоҳида ва арзёбӣ карда шаванд.
Аз ҷумла, агар ҳадафи мушоҳида ба рушди салоҳиятҳои омӯзгор дар самти истифодаи самараноки маводи таълимӣ равона шуда бошад, васоили таҳлил ба муайян намудани он нигаронида мешавад, ки омӯзгор то чӣ андоза маводи таълимиро мутобиқ ба мақсадҳои таълим, рушди салоҳиятҳои хонандагон ва натиҷаҳои интизшавандаи дарс интихоб ва истифода менамояд. Ин раванд имконият медиҳад, ки сатҳи татбиқи амалияҳои самараноки педагогӣ арзёбӣ гардида, замина барои пешниҳоди дастгирии мақсадноки методӣ, роҳнамоии касбӣ ва банақшагирии рушди минбаъдаи омӯзгор фароҳам оварда шавад.
Ҳамин тариқ, васоили таҳлили дарс ҳамчун ҷузъи таркибии давраи рушди муттасили касбӣ хизмат намуда, робитаи пайдарпайи марҳилаҳои ташхис, банақшагирӣ, татбиқ ва бознигарии фаъолияти педагогиро таъмин менамояд ва ба такмили пайвастаи сифати таълим мусоидат мекунад.
Шаҳбоз Рустамшозода, директори филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар шаҳри Кӯлоб